Тарҷумаи ҳол
МИРШАРИФЗОДА ЭМОМАЛӢ ҚУРБОНАЛӢ Миршарифзода Эмомалӣ Қурбоналӣ 22 марти соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2016 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро аз рӯйи ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» бо дипломи аъло ва соли 2018 зинаи магистратураи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро аз рӯйи ихтисоси «Молия ва қарз дар комплекси агросаноатӣ» бо дипломи аъло ба итмом расонидааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 2018 оғоз намуда, дар давоми фаъолияти касбӣ дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва менеҷмент, муовини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идора ва декани факултети мазкур фаъолият намудааст. Аз 1 сентябри соли 2025 то имрӯз дар вазифаи сардори раёсати таълими донишкада фаъолият дошта, ҳамзамон аз моҳи сентябри соли 2026 дотсенти кафедраи молия ва фаъолияти бонкӣ мебошад. Миршарифзода Эмомалӣ Қурбоналӣ муаллифи беш аз 85 маводи таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла 1 китоби дарсӣ ва 7 воситаи таълимӣ дар ҳаммуаллифӣ, 3 барномаи таълимӣ ва 74 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ. Аз шумораи умумии мақолаҳои ӯ 17 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Дар конференсияҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами низоми молиявию қарзӣ, фаъолияти бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, рақамикунонии иқтисодиёт ва рушди иқтисоди сабз ва инноватсия маърӯзаҳо ироа намудааст. Ӯ санаи 29 майи соли 2026 рисолаи илмии худро дар мавзуи «Воситаҳои қарзӣ ҳамчун сарчашмаи асосии рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳимоя намуда, бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2026, № 305/ди, ба он дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.17 - «Молия, муомилоти пулӣ ва қарз» дода шудааст. Барои саҳми арзанда дар соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва фаъолияти ҷамъиятӣ борҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рашт, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст. Ӯ ҳамчунин бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» шаҳодатномаи №243, аз 29.09.2026, №1044 сарфароз гардида, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
