Тарҷумаи ҳол
Ман, Каримов Мавлонбег Асомудинович, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, таҳсилоти олии тиббиро аз рӯи ихтисоси табобатӣ гирифтаам. Фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи тандурустӣ оғоз намуда, дар самти ҷарроҳӣ фаъолият менамоям. Дар тӯли фаъолияти касбӣ ба масъалаҳои ҷарроҳии умумӣ ва эндоҷарроҳӣ машғул шуда, таҷрибаи амалӣ ва илмии худро мунтазам такмил медиҳам. Айни замон ба ҳайси ассистенти кафедраи ҷарроҳии инноватсионӣ ва трансплантологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият намуда, ҳамзамон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба корҳои табобатӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ машғулам. Самти асосии фаъолияти илмии ман ба такмили усулҳои пешгирӣ, пешгӯӣ ва табобати осложненияҳои баъдиҷарроҳӣ дар беморони гирифтори синдроми метаболикӣ ва диабети қанди навъи 2 бахшида шудааст. Дар фаъолияти касбии худ кӯшиш менамоям, ки донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалиро барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии ҷарроҳӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон равона созам.
